БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АҶАБ ШАҲРИ ДИЛОРОӢ, ДУШАНБЕ…

АНДЕША. Душанбе, яке аз ҷавонтарин пойтахтҳо дар ҷаҳон ва сутуни асосии давлатамон буда, симои ҳақиқии миллат ба ҳисоб меравад. Зеро ин шаҳр маҳз бо дасти ҷавонмардони боору номуси халқи тоҷик ва бо шарофати сиёсати бомарому бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои созандаи самарабахши Раиси шаҳри Душанбе пойтахти Ватани азизи мо рӯз ба рӯз ободу зебо гардида,  ба яке аз пойтахтҳои зебои ҷаҳон табдил ёфтааст

Дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ шаҳри азизи мо- Душанбе аз ҳама бештар зарар дида бошад ҳам, дар як муддати кӯтоҳ бо азму талош ва заҳматҳои сокинони он барқарор гардид. Биноҳои баландошёнаи замони нав қомат рост карданд, ки симои шаҳрро боз ҳам зебову дилоротар гардониданд.

Сад шукри истиқлол, ки Тоҷикистонро дигар давлатҳо ҳамчун давлати соҳибистиқлолу хуқуқбунёду демократӣ шинохтанд ва бо он робитаҳои дипломатӣ барқарор намуданд. Дар шаҳри Душанбе сафоратхонаҳо, марказҳои илмию фарҳангӣ ва мақомотҳои давлатию ғайридавлатии мамлакатҳои хориҷӣ фаъолият доранд.    

Душанбе бузургшаҳрест, ки тоҷиконро чун миллати бузургу номдор, маркази умеду армон аст. Даме, ки дар кӯчаҳои ин шаҳри бузург қадам мезанем, беихтиёр аз зебогии муҳити атрофаш ҳаловат мебарем. Даме, ки мардуми меҳмоннавозу бофарҳанги дорои маданияти баланди шаҳрвандонашро вомехӯрем, беихтиёр нидо мекунем. Мардуми шаҳр пайваста барои ободии шаҳр ва тозагии он кӯшиш мекунанд. Ҳар сол барои боз ҳам зеботару дилчасптар намудани кӯчаю хиёбонҳои шаҳр, дар фасли баҳорон ниҳолу дарахтони ороишӣ, гулҳои рангоранг мешинонанд.

Назар кардам зи рӯи меҳру шафқат рӯи оламро,

Душанбе ҳастиву ҷону тавони ту.
Ҳама дороият рӯҳи равон бахшад бузургонат,
Макони сад бузургу паҳлавони ту.

Душанбе макони мардони хирад, занони ба ору номус ва тифлакони дилшоду бахтиёр аст. Мавзеест, ки саросар дилфиребу дилоро ва бешубҳа мафтункунанда. Душанбе шаҳрест зебову дилоро ва макони мардумони меҳмоннавоз, олиҳиммат ва сарбаланду номдор.

Аҷаб шаҳри дилороӣ Душанбе,
Хаёлам зеби дунёи Душанбе

Инчунин, моро месазад, ки шукронаи тинҷию оромӣ, ваҳдату ягонагии кишварамонро кунем, зеро боиси ифтихору сарфарозии ҳар яки мо мебошад, ки «Душанбе-пойтахти фарҳангии Иттиҳод -2021» эълон гардида, маркази муттаҳидсозии тоҷикону форсизабонони ҷаҳон гардидааст.

Бекмамадов Асалмамад,  мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg