БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НУКТАҲОИ ПАЁМ ШАРҲУ ТАВЗЕҲ ДОДА ШУД

Н.ХУСРАВ.  Масъулини Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳияи  Носири  Хусрав  ҷиҳати  шарҳу  тавзеҳи нуктаҳои  Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон ҳамарӯза  миёни мардум  корҳои фаҳмондадиҳиро  ба роҳ монда истодаанд.  

Ин  навбат  дар   ташкилоти   ибтидоии “Муассисаи  таҳсилоти  миёнаи  умумии  №1”  суҳбату  вохӯриҳо баргузор  грдида, нуктаҳои  асосии  Паёми  имсола  ва  супоришҳои  Пешвои  миллат,   Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон мавриди баррасӣ қарор дода шуда, аз ҷониби ҳизбиён гуфта шуд, ки   дар  Паёми  имсолаи  худ  Президенти  мамлакат қайд  намуданд, ки  мо  барои беҳтар  кардани  сатҳу  сифати  таълим  дар ҳамаи  зинаҳои  таҳсилот бояд  тамоми  шароити заруриро  муҳайё карда, дар  ин  раванд  масъулияти  падару  модар, аҳли  ҷомеа ва  омӯзгоронро  боз  ҳам баланд  бардорем. Ба хотири  боз  ҳам бештар  ба  омӯзиши илмҳои  риёзиву  дақиқа  табиӣ  ҷалб  кардани  наврасону  ҷавонон, олимону муҳаққиқон ва  устодону омӯзгорон озмуни  ҷумҳуриявӣ таҳти  унвони  « Илм  фурӯғи  маърифат» эълон гардид.

Пешвои миллат аҳли  маорифро вазифадор карданд, ки  дар  тамоми  зинаҳои  таҳсилот аз  муассисаҳои  томактабӣ  сар карда, то  гимназияю  литсейҳо ва  зинаҳои  дигари  таҳсилот ба  таври  ҳатмӣ  омӯхтани  забонҳои  хориҷӣ, махсусан  забонҳои русиву  англисӣ ва  технологияҳои  иттилоотиро ба  роҳ  монанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg