Н.ХУСРАВ. Бо мақсади афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, истифодаи самараноки обу заминҳои корам ва наздиҳавлигию президентӣ дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, кормандони Кумитаи иҷроия дар деҳаи Баҳор бо усули «хона ба хона» корҳои фаҳмондидиҳиро роҳандозӣ намуда, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигии сокинонро дида баромаданд.
Инчунин, намояндагони ҳизбӣ бо сокинон вохӯриҳо баргузор намуда, зкир карданд, ки дар Паёми имсолаи худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки бо истифода аз тухмиҳои аълосифат ва бо ҳамин роҳ гирифтани то се ҳосилро хусусан дар соли 2021 таъмин намоянд. Бо назардошти вазъи мураккаби ҷаҳони имрӯза мо корро тарзе ба роҳ монем, ки ба ҳар гуна мушкилоти эҳтимолӣ омода бошем ва захираи маводи хӯрокаро афзун намуда, аз норасогии маводи ғизои танқисӣ ва муҳтоҷӣ накашем.