БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳамовозии сокинон аз суханрониҳои Пешвои миллат дар мулоқот бо намояндагони ҷаомеаи кишвар

ШАҲРИТУЗ. Дар  деҳаи Устокорони ҷамоати деҳоти Пахтаободи ноҳияи  Шаҳритуз бо сокинон ва бо иштироки мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Абдуллоева Шоира маҷлиси ҳизбӣ баргузор карда шуд.

Дар вохӯрӣ шарҳу тавзеҳи суханрониҳои Пешвои миллат дар мулоқот бо зиёиён, иштирок дар семинар-машварати кишоварзони вилояти Хатлон, эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ, тақвияти низоми ягонаи омӯзиши касбии шаҳрвандони бекор, бахусус муҳоҷирони меҳнатӣ ва калонсолон, инчунин ташкили корҳои хонагӣ, аз қабили қолинбофӣ, атласу адрасбофӣ ва дигар навъҳои бофандагиву дӯзандагӣ барои занону духтарони хонашин ва бо ҳамин роҳ паст намудани шиддати бекорӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ ва пешгирӣ аз майли бегонапарастӣ миёни ҷавонону занон, муборизаи идеологӣ бар зидди терроризм, экстремизм ва пешгирии гаравиши ҷавонон ба гурӯҳҳои тундгаро баррасӣ карда шуда, иштирокдоронро ба корҳои созандагиву ободонӣ ҳидоят  карда шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg