ХОВАЛИНГ. Бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХД дар ноҳияи Ховалинг ва дастгирии ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ, дар деҳаи Лоҳутӣ бо иштироки васеи ҳизбиён ва ҷонибдорони ҳизб аксияи ҳизбии ниҳолшинонӣ таҳти унвони “Ватан, ҳар гӯшаатро сарсабз хоҳем кард!” гузаронида шуд.
Дар ин рӯзи офтобӣ ҳашарчиён дар гирду атрофи майдони варзишии деҳа бештар аз 200 бех ниҳолҳои сояафкан шинониданд.