АНДЕША. Дар давоми солҳои охир соҳаи илму маориф рушд намуда, то рафт дар он пешравӣ дида мешавад. Умуман агар назар афканем аз соли 1991 то ба имрӯз дар мамлакат 3020 - иншооти соҳаи маориф бо зиёда аз 1 миллиону 300 ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шудааст. Танҳо дар соли гузашта, 157 адад муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва синфхонаҳои иловагӣ барои 63000 ҷойи нишаст бунёд ва ба истифода супорида шуданд, ки ин натиҷаи хелоҳам хубро нишон медиҳад. Дар ин ҷода муассисаҳои типи нави замони истиқлол-мактабҳои президентӣ ва литсею гимназияҳо фаъолияти худро хуб ба роҳ монда пешсаф мебошанд, ки ҳар сол беш аз 97%-и хатмкунандагони ин муассисаҳо сазовори номи донишҷӯи муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ва хориҷ аз он мегарданд. Аз мактабҳои миёна бошад, танҳо 30-40 фоизашон ба муассисаҳои олӣ дохил мешаванд, ки дар замони муосир ҷавобгӯ нест.
То замони истиқлол дар Тоҷикистон ҳамагӣ 13 Муассисаи олии касбӣ бо 69000 донишҷӯ фаъолият мекард. Имрӯз бошад шумораи муассисаи олии касбӣ ба 41 ва донишҷӯён бошад ба 245 ҳазор расидааст. Дар ин маврид соли гузашта Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми соли гузаштаашон солҳои 2020 - 2040-ро «Солҳои омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намуданд, ки ҳадафи Роҳбари давлат дар ин ташаббусҳо баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ дар кишвар мебошад. Илова бар ин озмунҳои ҷумҳуриявӣ, аз қабили «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм фурӯғи маърифат» ва «Тоҷикистон- Ватани азизи ман», инчунин озмуни «Мо бо шумоем» аз тарафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои дастгирии маъюбон ва қишри осебпазири ҷомеа гузаронида мешавад. Аслан чунин озмунҳои дар сатҳи ҷумҳурӣ барои дарёфти кадрҳои хуб, лаёқатманд ва ихтироъкор, ки дар бозори меҳнат ҷавобгӯ бошанд равона шудааст.
Дар ин равия моро мебояд барои боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот тамоми шароити заруриро муҳайё карда, дар ин равиш масъулияти падару модар, аҳли ҷомеа ва омӯзгоронро боз ҳам баланд бардорем.
Саидқурбон Юсупов, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ