БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН МАНФИАТОВАР АСТ

НОРАК. Дирӯз бо ташабуси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Норак дар деҳаҳои Лангар  ва Дӯстии халқҳои ҳудуди минтақаи манзилии №2 вохӯрӣ ҷиҳати истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, риояи қоидаҳои санитарию беҳдоштӣ дар давраи пандемияи ҷаҳонӣ, татбиқи ҳатмии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»  бо сокинони деҳаҳои номбурда вохӯрӣ гузаронида шуд.

Зимни баргузории вохӯрӣ таъкид гардид, ки истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ боиси таъмини оила бо маҳсулоти ниёзи аввал буда, ҳамзамон дар таъмини амнияти озуқавории низ саҳм мегузорад.

Инчунин, оид ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» аз сокинон даъват ба амал оварда шуд, ки ҷиҳати назорати таълиму тарбияи фарзандон бетараф набошанд ва фарзандонро дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намоянд.

Ҳамзамон, зимни вохӯрӣ сокинони деҳаи Лангар иброз доштанд, ки барои боз ҳам ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ ва таъмини беҳдошти аҳли оила сарҷамъона меҳнат намуда, ҳар як порча замини наздиҳавлигиро самаранок истифода мебарем. Аз ин ҳисоб шароити зиндагии худро беҳтар менамоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg