БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД…

АНДЕША. Соли 2021 барои мардуми сарбаланди кишвар як соли шукуфоӣ, пешрафт, соли бузургдошти рӯйдодҳои муҳими сиёсиву фарҳангӣ ва истиқболи ҷашни мубораки 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Аз ин ҷост, ки дар саросари Тоҷикистони азизамон корҳои созандагию ободонӣ бомаром вусъати тоза ёфта, симои шаҳру навоҳӣ ва деҳоти наздику дурдасти Ватанамон ба таври шинохтанашаванда дигаргун гаштааст.

Ҳамаи ин пешравиҳо мо занони саодатманди даврони соҳибистиқлоли кишварро водор месозад, ки дар ҷараёни пешбурди корҳои давлатию ҷамъиятӣ ва ҳизбӣ иштироки бевосита дошта, дар бунёди ҷомеаи мутамаддин саҳми худро гузорем.

Аз таъсисёбии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён то имрӯз дар қатори мардон занону бонувони зиёде фаъолият намуда, аз ин ниҳод ба вазифаҳои роҳбарию давлатӣ пешбарӣ гардидаанд. Яке аз чеҳраҳои намоёну шинохтаи ноҳияамон раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён Абдусаломзода Мунаввар Алиакбар мебошад, ки тайи 5 сол аст, ки фаъолияти ҳизбӣ намуда, ҷиҳати татбиқи вазифаҳои ба зиммагузоштаи ҳизбӣ, амалӣ намудани вазифаҳои давлату ҳукумат, таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ ва вусъат додани ғояҳои созандаи ватандӯстона пайваста ҷаҳду талош менамояд.Мардумро ба корҳои созандагию бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб карда, ба ободонии рушди маҳал сафарбар ва ба ҳамин васила дар ноҳия аксияи тарғиботии “Якҷоя месозем”-ро амалӣ гардонида, бо сокинони маҳал дар сабзу хуррамгардонӣ, ниҳолшинонии диёр, сангфаршу мумфаршкунии роҳҳо саҳми худро гузоштааст.

Соли равон ҳамчун вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон дар тарғибу ташвиқи дастуру супоришҳои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” оид ба масъалаҳои сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоӣ, коммуникатсия, кишоварзӣ, маориф, тиб, фарҳанг, занону ҷавонон, пешгирии ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ истифодаи оқилонаи заминҳои кишт, наздиҳавлигӣ, президентӣ, аз як замин рӣёнидани 2-3 ҳосил, истифодаи самараноки қувваи барқ, озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Илм фурӯғи маърифат” суҳбату мулоқотҳои зиёдеро бо интихобкунандагон баргузор намудааст. Зимни чарабинию мулоқотҳо ҷиҳати дастгирии табақаҳои эҳтиёҷманди ҷомеа онҳоро аёдат намуда, бо маводҳои ғизоӣ кумак расонидааст.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти занону бонувон баҳои баланд дода, мақому мартабаи занонро дар ҷомеа арзишманд шуморида, дар яке аз суханрониҳояшон таъкид намуданд, ки “Мо ҳамеша ба неруи созандаи занону бонувони ватандӯсту ободгари кишвар такя мекунем ва нақши онҳоро дар рушди мамлакат басо арзишманд мешуморем”.

Тибқи маълумотҳо ҳоло 8 зан узви Маҷлиси миллӣ ва 15 бону вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд ва шумораи занон дар маҷлисҳои вакилони халқи шаҳру ноҳияҳо ва дар корҳои роҳбарӣ афзудааст.

Кулли ҳамкорон ифтихор дорем, ки роҳбари мо раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён Абдусаломзода Мунаввар Алиакбар ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи якмандатаи “Вахш №32” ба пирӯзӣ расида, интихоб шуданд, ки ба ин вазифаи пурмасъулият шарафёб гардидан дар арафаи ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон худ фоли нек аст.

Мо ҷиҳати амалӣ гардидани барномаи ин бонуи ҳизбӣ дар рушду нумӯи ватанамон -Тоҷикистон барору комёбӣ ва бурдбориву музаффариятҳоро таманно дорем.

Сабоҳат Неъматуллоева, корманди  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg