АНДЕША. Душанбе шаҳри зебо ва калонтарини тоҷикон буда, имрӯз пойтахти Тоҷикистони азизамон мебошад. Ҳамаи мо медонем, ки Душанбе пеш аз инқилоби Октябр як деҳаи хурдакаки камаҳолӣ буд. Бо вуҷуди хурд буданаш дар Бухорои Шарқӣ бо бозорҳои калони хариду фурӯши мол маълуму машҳур буд. Одамон аз гирду атроф ва кӯҳистонҳои дурдаст ба ин ҷо омада, молу маҳсулоташонро мефурӯхтанду маводи рӯзғорро харида бармегаштанд.
Аз соли 1924 Душанбе ҳамчун пойтахти Тоҷикистон шинохта шуд. Душанбе рӯз то рӯз тараққӣ карда, симои худро дигар мекунад ва ба маркази нави иқтисодию сиёсӣ ва фарҳангии тоҷикон мубадал гашта истодааст.
Аз ҳама хурсандиовар он аст, ки шаҳри Душанбе ба “Пойтахтҳои фарҳангии Иттиҳод-2021” шомил гардид ва 21-уми марти соли равон Сертификати эълон гардидани “Душанбе-пойтахти фарҳангии Иттиҳод-2021”-ро ба Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ супориданд.
Маврид ба зикр аст, ки Барномаи байнидавлатии “Пойтахтҳои фарҳангии Иттиҳод”, яке аз лоиҳаҳои калидии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил буда, бо мақсади муаррифии фарҳангу тамаддун, имкониятҳои сайёҳӣ, тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва таҳкими ҳар чӣ бештари зарфиятҳои фарҳангии давлатҳои мазкур ҳамчун майдони зеҳнию эҷодӣ, ғояи фазои ягонагии фарҳангӣ ва гуфтугӯи тамаддунҳо роҳандозӣ карда шудааст.
Вақте, ки ман дар яке аз Донишгоҳҳои пойтахти маҳбубамон таҳсил мекардам, рӯзҳои истироҳатӣ бо ҳамсабақон ба сайру гашти боғҳои зебои пойтахт мерафтем. Ҳангоме, ки дар кӯчаҳо ва боғҳои он қадам мезадем, гулгашту хиёбонҳои шукуфони он ва биноҳои зебои замонависохт ба дили мо шодию фараҳ мебахшид ва ба ёд ин суханони Пешвои миллатамон меомад, ки “Шукронаи давлат кунед, шукронаи ин сарзамин кунед, шукрона кунед, ки чунин Ватани азизу маҳбуб доред”.
Оре, мо ҷавонон шукрона мекунем, шукрона мекунем, ки Ватане дорем ба монанди биҳишт аст ва пойтахте дорем, ки яке аз боғҳои зеботарину ободтарини ин биҳишт мебошад.
Гулрухсор Мирзоева, мудири шуъбаи таблиғот ва таблиғоти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ