ДӮСТӢ. Бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии деҳаҳои “Шӯро” ва “Сомониён” маҷлис барпо гардид.
Дар рафти маҷлис муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Қурбонов Абдулҳафиз оид ба масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, даст назадан ба ҳолати коррупсионӣ, пешгирӣ аз ҳар гуна кирдорҳои ношоям, танзими анъана ва ҷашну маросим, омӯзондани касбу ҳунари гуногун ба ҷавонон, инчунин сафарбар намудани ҷавонони синни даъватӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гуфта, сокинонро ба амалҳои созанда раҳнамоӣ кард.