БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БА ИСТИҚБОЛИ 110 – СОЛАГИИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА

ДАНҒАРА.  Имрӯзҳо дар тамоми қаламрави кишвар бахшида ба 110- солагии шоири сулҳпарвар, қаҳрамони Тоҷикистон  устод Мирзо Турсунзода маҳфилҳои илмӣ – адабӣ, чорабиниҳои тантанавӣ ва озмунҳо миёни толибилмону донишҷӯён баргузор гардида истодааст.

Дар ин замина, дар  муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-и ҷамоати шаҳраки Данғара  маҳфили илмӣ – адабӣ бо иштироки мудири шуъбаи ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара Раҷабализода Ҳокималӣ, директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70 Кишварзода Қосим  роҳандозӣ гардид.

Дар маҳфил омӯзгорони фанни забон ва адабиёти тоҷик Валиева Сабоҳат ва Раҳмонова Гулҷаҳон  дар бораи  фаъолияту эҷодиёти шоири зиндаёд устод Мирзо Турсунзода ибрози андеша намуда, қайд карданд, ки устод Мирзо Турсунзода дар саҳифаҳои  эҷодиёташ  дар васфи Ватан, ки бештар  сулҳу дӯстиро дар бар гирифтааст,  ба ин фарзанди фарзонаи миллат  соли 2001 дар арафаи 90 – солагии шоир бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, “ Қаҳрамони Тоҷикистон ” ба имзо расид.

Аз ҷониби толибилмони муассиса намоиши саҳначаҳо ва қироати шеъру достонҳои устод пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg