БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДУШАНБЕ ДАР ДИЛИ МО, МЕҲАНИ МО, ДУШАНБЕ-ШАҲР – ШАҲРИ ДАР ДИЛАМ ҶО

ВОСЕЪ. Дар ҷамоати деҳоти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии ноҳияи Восеъ бахшида ба Рӯзи пойтахт-шаҳри Душанбе калонсолону ҷавондухтарон кӯдакону наврасон либосҳои идона бар бар карда, ба сайру гашти боғу гулгаштҳо баромаданд.

Ҳамзамон, сокинон иброз намуданд, ки аз доштани чунин пойтахти зебову дилнишин, ки ҳамешабаҳор аст фахр менамоянду миннатдории хешро ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пойдории сулҳу субот дар кишвар ва ба раиси шаҳри Душанбе - Рустами Эмомалӣ барои ободу зебо гардонидани пойтахти ҷумҳурии азизамон – қалби Тоҷикистон, шаҳри Душанбе мерасонанд ва баъзе аз сокинон мегӯянд, ки имрӯзҳо бо ташаббуси ин ҷавонмарди оқилу доно самтҳои мухталифи шаҳрдорӣ дар пойтахти маҳбубамон рушд ёфта, баробари ворид шудан ба пойтахт кас илҳоми дубора мегирад ва шукргузорӣ аз Ватани биҳиштосо мекунад.

Бояд қайд намоем, ки дар чорабинии баргузоргашта намоиши ҳунарҳои дастии занони ҳунарманди ҷамоати мазкур баргузор гардида, ҷавонон бо хондани шеъру сурудҳо дар васфи Душанбе чорабиниро боз ҳам ҷаззобтар карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg