БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИФОДАИ ОҚИЛОНАИ ЗАМИН БА МАНФИАТИ МОСТ!

ВОСЕЪ. Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои роҳбарияти ҳизб бо фаъолони Ҷамоати деҳоти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо иштироки корм ҲХДТ дар ндони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ вохӯрӣ гузаронида шуд.

Зимни баргузории вохӯрӣ оид ба масъалаҳои  коҳиш додани таъсири омилҳои беруна ба иқтисодиёти мамлакат, вусъати кишту кори баҳорӣ, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва президентӣ, истеҳсолу захираи кофии маводи хӯрокворӣ, омодагии ҳамаҷониба ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022, вусъати корҳои созандагию ободонӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, риояи қоидаҳои санитарию беҳдоштӣ дар давраи пандемияи ҷаҳонӣ, татбиқи ҳатмии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “ Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”  баромад карда шуд.

Қайд гардид, ки гурӯҳҳои корие, ки дар маҳал таъсис дода шудаанд, аз рӯи усули “хона ба хона” бо ҳар як оила суҳбат гузаронида, сипас ҳисоботи худро пешниҳод намоянд.

Мавриди зикр аст, ки бо мақсади истеҳсоли зиёди маҳсулоти кишоварзӣ ҳар як ваҷаб қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, қитъаҳои замини назди идораву ташкилот ва хоҷагиҳои деҳқонӣ самаранок истифода бурда мешаванд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg