БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Таъмини амнияти озуқавории кишвар омили рушду инкишоф аст

ҶАЙҲУН. Бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони вилояти Хатлон дар ташкилоти ибтидоии «Раёсати кишоварзӣ» вохӯрии судманди ҳизбӣ оид ба таъмини амнияти озуқавории кишвар бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Фарҳод Обидов  доир гардид.

Зимни баргузории вохӯрӣ Фарҳод Обидов оид ба суханоронии пурмуҳтавои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муфассал суханронӣ намуд.

Мавсуф дар рафти суханронии хеш иброз намуд, ки Пешвои миллат дар ин суханринашон оид ба таъмини амнияти озуқавории кишвар ҳарф зада,  аз ҷумла қайд намуданд, ки бо мақсади таъмин намудани фаровонии бозори истеъмолии кишвар ва зиёд кардани содироти маҳсулоти кишоварзӣ дурнамои кишти зироатҳо дар хоҷагиҳои деҳқониву ҷамъиятӣ барои соли 2018 тасдиқ карда шуд, ки тибқи он майдони кишти картошка нисбат ба соли гузашта 10 ҳазор гектар, сабзавот 19 ҳазор, пахта 13 ҳазор ва зироатҳои равғандиҳанда 22 ҳазор гектар зиёд пешбинӣ карда шудааст. Гузашта аз ин таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки мо имконият дорем дар давоми ду соли оянда дар кишвар истеҳсоли картошкаро 300 ҳазор тонна, сабзавотро 500 ва пахтаро 100 ҳазор тонна зиёд кунем.

Аз ин ру ноҳияи мо, ки ноҳияи кишоварзӣ аст ҳар як хоҷагидорро мебояд, ки дар пайравӣ ба дастуру супоришҳои Пешвои миллат замини киштро самаранок истифода бурда, дар як сол вобаста ба фаслҳои сол на кам аз 3 ҳосил ба даст оранд.

Ин амал аз он шаҳодат медиҳад, ки мо дар таъмини амнияти озуқавории кишвар саҳми босазо дорем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg