ХУРОСОН. Дар деҳаи Роҳати ҷамоати деҳоти Ғаллаободи ноҳияи Хуросон бо иштироки муовини раис-мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Азизова Сабоҳат вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ Азизова Сабоҳат мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки бо масъулини мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони фаъоли соҳаҳои иҷтимоӣ, олимон, зиёиёни эҷодкор ва ходимони дин,ки аз санаи 12-майи соли 2018 бармеояд, ва муҳтавои семинар-машварати кишоварзони вилояти Хатлон ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ андешаронӣ карда, ҷамъомадагонро барои иҷрои дастуру ҳидоятҳои Роҳбари давлат, ки ба некӯаҳволии мардум ва рушду нумуи Тоҷикистон равона гардидааст, ҳидоят намуд.