БОХТАР. Дирӯз дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-и шҳари Бохтар ба номи Мирзо Турсунзода озмуни “Иншои беҳтарин” дар мавзӯи “Мирзо Турсунзода шоири қаҳрамон- вассофи сулҳу ваҳдат” миёни хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр доир гардид.
Дар озмуни мазкур намояндагони Кумитаии иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар, шуъбаи маорифи шаҳр, маркази фарҳангии ҷавонон, хонандагони синфҳои 8-10 аз муассисаҳои миёнаи умумӣ ва гимназияву литсейҳои шаҳр иштирок доштанд. Дар маросими кушодашавии озмун муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Наҷидуллозода Насриддин, намояндаи шуъбаи маорифи шаҳр Эраҷ Талбаков, вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бохтар Иргашева Саломат, Насруллоева Шаҳло, Бақоев Сулаймон, намояндаи маркази ҷавонони шаҳри Бохтар Сатторов Исмоил иштирок ва суханронӣ намуданд.
Қайд карда шуд, ки озмуни мазкур дар доираи ҳамкории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар бо шуъбаи маориф ва маркази ҷавонони шаҳри Бохтар дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 110-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода доир карда мешавад, мақсад аз баргузории озмуни мазкур дарёфти истеъдодҳои нав, мустаҳкам намудани дӯстӣ миёни хонандагон, арҷ гузоштан ба хизматҳои шоёни устод Мирзо Турсунзода мебошад, - гуфт Наҷидуллозода Насриддин.
Эраҷ Талбаков зимни баромади худ доир ба шартҳои озмуни мазкур, талабот ва дигар қоидаҳои баргузории он маълумот дод.
Сипас, ҳайати комиссияи озмун бо роҳбарии вакили Маҷиси вакилиони халқи шаҳри Бохтар Насруллоева Шаҳло иншоҳои пешниҳодшударо санҷида, ғолибон муайян ва бо Сипоснома ва туҳфаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар ва Маркази ҷавонони шаҳри Бохтар қадрдонӣ карда шуданд.