БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҚАҲРАМОНОН НАМЕМИРАНД...

Ҳар, ки бо меҳру вафо ба халқ хизмат мекунад,

Номи худро сархати девони миллат мекунад.

АНДЕША. Ҳамасола 9-май чун санаи таърихӣ, яъне иди Ғалаба қайд карда мешавад, ки ин ғалабаи Армияи сурхи Иттиҳоди Шӯравӣ бар зидди Германияи фашистӣ мебошад. Ҷанг ин ҳодисаи ҷамъиятӣ бо роҳи зӯрӣ давом додани сиёсат буда, мазмуни онро муборизаи мусаллаҳонаи муташакилона ташкил медиҳад. 22-июни соли 1941 Ҷанги Бузурги Ватанӣ сар шуда, 46-моҳу 13 рӯз, ё 1418 рӯз давом кардааст, ки бо ғалабаи пурраи халқи Шӯравӣ поён ёфтааст.

Дар фронтҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ИҶШС зиёда аз 260 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон иштирок намуда, 90 ҳазорашон ба ҳалокат расиданд ва 50 ҳазорашон бо ордену медалҳои ИҶШС сарфароз гардонида шуданд, ки дар байни онҳо 64 нафар Қаҳрамонони Иттиҳоди Шӯравӣ, 15 нафар дорандагони ордени “Шараф” ва даҳҳо нафар бо номи “Иван тоҷик” сазовори мукофотҳои миллии Муғулистон, Лаҳистон, Норвегия ва Югославия гардидаанд.

Дар ин ҷанг номҳои намояндагони Тоҷикистон Неъмат Қарабоев, Ҳодӣ Кенҷаев, Фатҳулло Аҳмадов, Урумбек Яқубов, Олим Ҳакимов ва дигарон дар ҷаҳон машҳуранд.

Дар ҷанги барои шаҳрчаи Виборг, ки аввали моҳи марти соли 1940 рӯй дода буд,  Н. Қарабоев  ҷасорати  ҳарбӣ ва мардонагӣ нишон дода, бо фармони Президиуми Шӯроӣ Олии ИҶШС аз 21 марти соли 1940 ба унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гардонида шуд. Ӯ аввалин тоҷикест, ки ба чунин унвон сарфароз гардидааст.

Дар баробари ин одамон шоири ҷанговари тоҷик Ҳабиб Юсуфӣ буд, ки ҷони хешро дар ҳифзи Ватанаш  нисор кардааст. Ӯ ҳисси бепоёни ватандӯстии худро дар шеъри “Ман Ватанро беш аз ҳарвақта дорам дӯсттар” баён намуда буд:

Вақти он аст, эй қалам, буррандатар гардӣ зи теғ,

Вақти он аст, эй сухан ғуррандатар гардӣ зи барқ...

 

Ҳамин тавр, тамоми қувваи меҳнаткашони Тоҷикистон дар торумори фашизми Германия ва тарбияи меҳанпарастӣ,  далерӣ, дӯстӣ ва бародарии халқҳои Шӯравӣ саҳми босазо гузошта, мардумро баҳри ғалаба чӣ дар майдони ҳарбу зарб ва чӣ дар ақибгоҳ бар зидди душман равона карда буд.

Дар ин давра 20  корхонаи саноатӣ  амал мекард, ки шумораи коргарони он 31 ҳазор нафарро ташкил медод. Саноати хӯроквории ҷумҳурӣ 71 корхонаи калонро дар бар мегирифт.

Имрӯз мо ҷавонон вазифадор ҳастем, ки баҳри ҳимояи Ватани хеш, миллати хеш ва ҷомеаи хеш кӯшиш ба харҷ диҳем, то ин ягон муноқиша ба диёри мо наояд.

Дар анҷом иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватаниро бахшида ба 80 - солагии иди Ғалаба табрик гуфта, баъдан ба мардуми сарбаланди Тоҷикистони азиз сулҳу осоиштагӣ, пойдорӣ, ваҳдату ягонагӣ ва симои офтобиро таманно дорам. Иди зафар муборак,  ҳамватанони азиз!

Камолиддинзода  Ҷомӣ  Камолиддин,  мудири шуъбаи таблиғот, иттилооти  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg