БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АКСИЯИ ХИЗМАТРАСОНИИ ВОЛОНТЁРОН АМАЛӢ ГАРДИД

ҶАЙҲУН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун ва дар доираи сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти расонидани кумак ба ятимону бепарасторон, гирифтани дасти маъюбону шахсони ниёзманди ҷомеа дар моҳи шарифи Рамазон тибқи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Шахсони бесаробон зери таваҷҷуҳи ҲХДТ қарор доранд!»  кори хайр анҷом дода шуд.

Дар аксияи мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ҳасанзода Тағоймурод, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилоотӣ Кумитаи иҷроия Бекмамадов Асалмамад, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷайҳун Қирғизбеков Шералӣ ва волонтёрон иштирок намуда, аз ҳолу аҳволи яке аз шахсони бесаробонмонда  истиқоматкунандаи деҳаи Вахши  ҷамоати деҳоти Истиқлол Наҷмудинова Зулфинисои 81-сола пурсон шуданд. 

Зимни баргузории аксияи ҳизбӣ волонтёрон гирду атрофи  ҳавлиро рубу чин намуда, бехи дарахтонро нарм карда,  деворҳои хонаро сафед намуданд.

Аз ин иқдоми пешгирифтаи ҳизбиён Наҷмудинова Зулфинисои 81-сола рӯҳу илҳоми тоза гирифта, миннатдории хешро ба Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg