БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НУКТАҲОИ ПАЁМ ҲАМАРӮЗА МАВРИДИ ШАҲРУ ТАВЗЕҲ ҚАРОР МЕГИРАНД

Н.ХУСРАВ. Кормандони Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳияи  Носири  Хусрав  оид ба  шарҳу  тавзеҳи нуктаҳои  Паём  ва супоришҳои  зимни  мулоқот бо  фаъолони  вилояти Хатлон Пешвои  миллат,  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон бо  усули «хона  ба  хона»   бо  сокинони ҳар  як  деҳаю  маҳаллаҳои ҳудуди  ҷамоатҳои  деҳот  корҳои тарғиботӣ рафта истодааст.

Бо сокинони деҳаи Мамашукури  Ҷамоати  деҳоти  Фирӯза суҳбату  вохӯриҳои  сарироҳӣ  баргузор  гардида,  нуктаҳои асосии Паёми  имсола  ва  супоришҳои  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон ба дарки сокинон расонида шуд. 

Масъулин  дар суҳбати хеш қайд  намуданд, ки  дар  Паёми  имсолаи  худ  Президенти  мамлакат  зикр карданд, ки  ҳадафи давлату ҳукумат афзоиш додани  истеҳсоли  маҳсулоти  кишоварзӣ, истифодаи  самараноки обу  замини  корам,  технологияҳои инноватсионӣ ва  агротехникии  пешрафта,  аз  ҷумла  бунёди  боғҳои  интенсивӣ мебошад. 

Бо мақсади дастгирии давлатии кишоварзони мамлакат ва таъмини  фаровони  бозори  истеъмолӣ  пешниҳод гардид, ки тамоми  кишоварзони  мамлакат барои  як  сол,  яъне соли  2021 аз  пардохти  андози  ягона озод  карда  шуданд.

Аз  ин  лиҳоз ба  сокинон  фаҳмонида шуд, ки  истифодаи  смараноки  замин  пеш аз  ҳама  заминҳои  наздиҳавлигӣ, президентӣ  захира  кардану  гирифтани  то  се  ҳосил махсусан дар  соли  2021 барои  ҳар  оила    зарур  ва  ҳатмӣ  мебошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg