БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИНҲОИ НАЗДИҲАВЛИГӢ - ОМИЛИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРИСТ

Н.ХУСРАВ. Бо мақсади афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, истифодаи самараноки обу заминҳои корам ва наздиҳавлигию президентӣ дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав дар деҳаи Баҳор бо усули «хона ба хона» корҳои фаҳмондадиҳиро роҳандозӣ намуда, аз ҳар як оила дидан карда, ба сокинон барои истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ тавсияҳои судманд доданд.

Ин навбат бо сокинони ҷамоати шаҳраки Баҳор вохӯриҳо баргузор  намуда, ба онҳо фаҳмониданд, ки  дар Паёми имсолаи худ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки бо истифода аз тухмиҳои аълосифат ва бо ҳамин роҳ гирифтани то се ҳосилро хусусан дар соли 2021 таъмин намоянд. Бо назардошти вазъи мураккаби ҷаҳони  имрӯза мо корро тарзе ба роҳ монем, ки ба  ҳар гуна  мушкилоти  эҳтимолӣ  омода бошем ва захираи маводи  хӯрокаро афзун намуда, аз норасогии маводи ғизои танқисӣ ва муҳтоҷӣ накашем. Заминҳои наздиҳавлигӣ  ва президентиро самаранок истифода барем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg