БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН –МОҲИ АМАЛИ ХАЙРУ САВОБ АСТ

Н.ХУСРАВ. Масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Носири Хусрав бо мақсади дастгирии сокинони эҳтиёҷманд ҷомеа дар моҳи  шарифи  Рамазон  чораҳои  амалӣ андешида  истодаанд. Намояндагони ҳизбӣ дар ҳамкорӣ ва дастгирии аъзо ва ҷонибдорони ҳизб, вакилони гурӯҳи вакилӣ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Носири Хусрав дар моҳи шарифи Рамазон ба оилаҳои камбизоат, маъюбону  эҳтиёҷмандон кумакҳои моддиву  молиявӣ  расониданд. 

Ин навбат ба сокинони эҳтиёҷманди деҳаи Сангбаи Ҷамоати деҳоти Наврӯз дар моҳи шарифи Рамазон  кумакҳои молиявӣ, аз  қабили орду равған расонида шуд, ки ин амали хайру савоб дар моҳи мубораки Рамазон аст.       

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg