БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАБЛИҒИ ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ МИЁНИ СОКИНОН

ХУРОСОН. Барои ҷалби ҷавонону наврасон ба озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»,  «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Илм фурӯғи маърифат» ва озмунҳои ҳизбӣ, ки таҳти унвони «Мо бо шумоем» барои маъюбон баргузор мегардад, ҳамчунин бахшида ба эълон гардидани «Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе» зери унвони «Душанбе -  хонаи умеди ҳамаи тоҷикони ҷаҳон», ин навбат мудири шуъбаи таблиғот – иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Назаров Аъзамҷон дар Литсейи №1- и ноҳия бо хонандагони синфҳои болоӣ вохӯрӣ баргузор кард.

Боиси шодмонӣ ва шукргузорист, ки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушду нумуи тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа шароити мусоид фароҳам овард. Бо ташаббусу дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар радифи самтҳои гуногуни илму маърифат ба соҳаи китобдорӣ  низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд. Воқеан, дар ташаккули андешаи миллӣ ва тақкими истиқлолият нақши китоб хеле бузург аст. Маҳз ҳамин дастгириҳои маърифатпарваронаи Пешвои муаззами миллат аст, ки солҳои охир соҳаи китобдорӣ, илму ирфон рӯз ба рӯз рушд намуда истодааст.

Озмунҳо бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, тақкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар, аз ҷумла хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ доир мегардад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg