ФАРХОР. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25 бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор маҳфили кироати шеърҳо аз ашъори шоири ширинкалом - Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода баргузор гардид.
Зимни баргузории чорабинии мазкур хонандагон аз ашъори шоир шеърҳо қироат намуданд. Инчунин, мудири шуъбаи таблиғол, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Ятимова Рухшона оид ба озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи суҳби доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”, “Илм фурӯғи маърифат” ва озмунҳои ҳизбӣ таҳти унвони “Мо бо шумоем” ва озмуни дигар, ки бахшида ба 110- солагии Мирзо Турсунзода зери унвони “Ҷони ширин” баргузор карда мешаванд, суханронӣ намуд.