БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МИЗИ МУДАВВАР БАХШИДА БА 110-СОЛАГИИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА

Ҷ. БАЛХӢ. Бо мақсади  дар сатҳи баланд баргузор намудани 110 - солагии Қаҳрамони халқи тоҷик, шоири Халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, устод Мирзо Турсунзода, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №48- и ҷамоати деҳоти Фрунзеи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳия миёни хонандагони синфҳои болоӣ миззи мудаввар  баргузор карда шуд.

Зимни мулоқот мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳия Нуруллоев Саъдулло суханронӣ намуда, ҳадафу мароми баргузории вохӯрӣ ва ташкил намудани мизи мудавварро ба самъи хонандагон расонид. Хонандагон дастаҷамъона филми “Рӯзҳо мегузаранд”-и устод Мирзо Турсунзодаро тамошо намуда, доир ба фаъолияту зиндагии Қаҳрамони халқи тоҷик, шоири Халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, устод Мирзо Турсунзода ҷаҳони маънӣ бардошт карданд. Баъд аз тамошои филми устод Мирзо Турсунзода (“Рӯзҳо мегузаранд”) аз ҷониби  хонандагон қироати шеърҳо аз ашъори шоири сулҳпарвару ватандӯст Мирзо Турсунзода ва аз ашъори дигар шоирон дар васфи он иҷро гардид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg