БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА МАРҲАЛАИ НАВИНИ ДАВЛАТДОРИИ ТОҶИКОН

ПАНҶ. Бо ташаббуси кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ ба мақсади тарбия намудани ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ҷалби бештари онҳо барои иштирок дар раванди созандагиву бунёдкориҳои кишвар курси омӯзиширо барои ҷавонон зери унвони «Созандагони Ватан» дар Гимназияи давлатии ноҳияи Панҷ бо ҷалби маърӯзачиён аз ҳисоби аъзои фаъоли ҲХДТ ва кормандони ҳизби ноҳия   дар мавзӯи «Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва марҳалаи навини давлатдории тоҷикон» гузаронида шуд.

Инчунин, оид  ба озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи  субҳи доноӣ  китоб аст», «Тоҷикистон –Ватани азизи ман»,  «Илм фурӯғи маърифат», самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ ва президентӣ, вусъати корҳои созандагию ободонӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ, риояи қоидаҳои санитарию беҳдоштӣ дар давраи пандемияи ҷаҳонӣ, татбиқи ҳатмии Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва  «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» суханронӣ карда шуда, ҳамзамон оид ба эълон гардидани «Душанбе-пойтахти фарҳангии Иттиҳод- 2021» суҳбатҳо доир гардид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg