ПАНҶ. Бо ташаббуси кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Маорифчиён» вохӯрӣ гузаронида шуд. Дар мулоқот намояндагони ҳизбӣ вобаста ба муҳтавои Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва аксияҳои ҳизбӣ андешаронӣ карда, ҷамъомадагонро барои татбиқи сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати Тоҷикистон ва ҳадафҳои созандаи ҲХДТ раҳнамоӣ карданд. Дар охир ба нафароне, ки барои пайвастан ба сафи ҲХДТ ариза пешниҳод карда буданд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.