НОРАК. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Дуконӣ-1” бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб вохӯрӣ дар мавзуи “Фарҳанги истифодабарии технологияҳои итилоотӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ” доир гардид.
Сараввал, Муслима Ғуриева мудири шуъбаи занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ да шаҳри Норак ба сухан баромада, оид ба тарзи дуруст истифода намудани технологияҳои итилоотӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ баромад намуда, қайд кард, ки дар асри XXI пешрафт ва боигарии кишварҳоро на аз рӯи шумораи аҳолӣ ва захираву сарватҳои табиӣ, балки аз рӯи қобилияти зеҳнӣ, сатҳи маърифат ва огоҳиву дастрасӣ доштани аҳолӣ ба техникаву технологияҳои муосир ва истифодаи самараноки онҳо муайян менамоянд.
Дар шароити пешрафти босуръати илму техника бо донишҳои муосири илмиву техникӣ мусаллаҳ гардонидани ҷавонон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ширкати фаъолонаи онҳо дар пешрафти ҷомеа ва давлат яке аз шартҳои асосии рушди иқтисодии кишвар мебошад. Вале дар баробари ин бояд маданияти истифодабарии дастовардҳои технологияҳои муосир, аз ҷумла телефонҳои мобилӣ ва шабакаи интернет риоя карда шавад. Ҳоло тадқиқоти олимон исбот намудааст, ки истифодаи бенизому бемеъёри телефонҳои мобилӣ, махсусан аз ҷониби наврасону ҷавонон, ба сустшавии фаъолияти ҷисмонӣ, пастшавии қобилияти фикрронӣ, қабули ахбор, бемор шудани узвҳои шунавоӣ ва ҳатто ба безуриётӣ оварда мерасонад.