![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/IMG-20210419-WA0011.jpg?itok=iRuWA8Uh)
НОРАК. Бахшида ба сазовор ҷашн гирифтани 110-солагии Шоири бузург ва Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода маҳфили қироати шеър аз ашъори шоир дар байни хонандагон ва аъзои намояндагии "Созандагони Ватан" дар якҷоягӣ бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак ва шуъбаи маорифи шаҳр гузаронида шуд.
Дар маҳфил иштирокчиён аз эҷодиёти Мирзо Турсунзода шеърҳо қироат намуданд.