ХОВАЛИНГ. Дар маҳаллаи Сохтмончиёни ҷамоати деҳоти Ховалинг бо сокинон оид ба расонидани дастуру ҳидоятҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, ба мардум расонидани сиёсати сулҳҷӯёна ва бунёдкоронаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯри гузаронида шуда дар ин раванд бо пешниҳоди сокинони маҳалла ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ таъсис дода шуд, ки он «Сохтумончиён» номгузорӣ гардид. Раисии ташкилот яке аз ҷавонони соҳибэҳтироми маҳалла Нуралӣ Юсуфовро интихоб карданд.
Ҳозирин баромади мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия Сайҷалол Сатторовро оид ба суханронии Пешвои миллат дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯъи «Муқовимат ба терроризм ва ифротгароии хушунатомез», мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарораси моҳи шарифи Рамазон ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо диққат шуниданд.
Дар ҷамъомад чанде аз иштирокчиён баромад намуда, иҷрои дастуру супоршҳои Пешвои миллат ва дигар самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбро самти фаъолияти ҳаррӯзаи худ арзёбӣ намуданд.