![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/20180605_092925.jpg?itok=YOtXF4zp)
ҲАМАДОНӢ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Гадоӣ Сайдалиев ва Саидҷалол Ҷалилов бо аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Гулрез» вохӯрӣ доир карданд.
Зимни вохӯрӣ масъулин оид ба суханронии Сарвари давлат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон суханронӣ намуда, қайд карданд, ки бахти баланди мост, ки Пешвои муаззами мо пайваста ба таҳлилу тавзеҳи ҷаҳони мураккабу пуртаззод аҳли кишвари маҳбубро ба сӯи ояндаи дурахшон ба дарки масъулияти бузург ҳидоят мекунанд.
Дар охир ба ду нафар аъзои нави ҳизб билетҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ботантана супориданд.