БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ МАВРИДИ ТАБЛИҒ ҚАРОР ДОРАНД

Н.ХУСРАВ.  Дар  асоси  дастуру  супоришҳои  мақомотҳои  болоии  ҳизб кормандони   Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳияи  Носири  Хусрав  ҷиҳати  тарғибу  ташвиқи озмунҳои  ҷумҳуриявии « Фурӯғи субҳи доноӣ китоб  аст», «Тоҷикистон-Ватани  азизи  ман» ва  «Илм-фурӯғи маърифат»  миёни  хонадагони  муассиаҳои  таҳсилоти  миёнаи  умумии  ноҳия, кормандони фарҳанг ва  сокинон пайваста  мавриди  фаҳмондадиҳӣ  қарор  доранд.

Ин  навбат  намояндагони ҳизбӣ  бо омӯзгорону  хонандагони  муассисаи  таҳсилоти  миёнаи  № 1  вохӯрию  суҳбатҳо  баргузор намуда, мақсади  озмун,  аз ҷумла баланд  бардоштани   завқи  китобхонӣ,  тақвияти  неруи  зеҳнӣ, дарёфти  чеҳраҳои  нави суханвару  сухандон, арҷ  гузоштан  ба  арзишҳои  миллию  фарҳангӣ, инкишофи  қобилияти  эҷодӣ  буданашро  фаҳмонида дода, номинатсияҳои  он, давраҳои  баргузорӣ ва  талабот  ба  иштирокчиёни  онҳо  ҷоизаҳои  озмун  ҳамчунин  маблағ барои омӯзгороне, ки  шогирдонашон дар  озмунҳои  ҷойҳои  якум, дуюм  ва  сеюмро  мегиранд ҳаматарафа фаҳмонида  доданд.

Корҳои  фаҳмондадиҳӣ  шартҳои  озмунҳо, талабот, ҷоизаҳои озмунҳо, ҳавасмандгардонии  омӯзгорон дар  ҳамаи  муассисаҳои таълимӣ,  дар байни  кормандони  фарҳанг ва  дигар  табақаҳои  аҳолӣ  бо  маром  идома  доранд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg