БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОМӮЗИШИ ЗАБОНҲОИ ХОРИҶӢ ТАЛАБОТИ ЗАМОНИ МУОСИР

АНДЕША. Дар шароити тараққиёти илму техника ва дастрасӣ доштани инсоният ба шабакаи ҷаҳонии интернет ва алоқаи мобилӣ метавонад ҳар як нафарро ба қуллаҳои баланди орзуҳояш расонад.

Имрӯз ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ машғул шавему ҳадди ақал ду ва ё се забони хориҷиро бо истифодаи луғат аз худ намоем мо метавонем дар дилхоҳ тиҷорат даст зада рӯзгори худро пеш барем. Масалан дар ҳоли рушди инфрасохтори сайёҳӣ ҳар як нафар метавонад бо донистани забонҳои хориҷӣ сайёҳонро ҷалб намуда, аз онҳо барои хизматрасониаш ҳаққи хизмат гирад. Ё омӯзиши забон дар шабакаҳои интернетӣ низ метавонад ба нафари донандаи забон коре пайдо намояд.

Бо таҷрибаи нафаре шинос ҳастам, ки диққатҷалбкунанда мебошад ва каме дар бораи он барои хонанда қисса менамоям. Ҷавоне баъди хатми донишгоҳ ду забони хориҷиро аз худ мекунаду то муддате бе кор мемонад. Рӯзе дар назди тарабхонае итизори мекашад, ки чашмаш ба пешхизмат ва саёҳон меафтад, ки муносибати онҳо ӯро бетараф гузошта наметавонад. Рафта ба пешхизмат кӯмак карда хости сайёҳонро ба пешхизмат мерасонад, дарҳол сайёҳон барои ин амалаш ба ӯ ҳаққи хизмат пардохт мекунанд. Аз сабаби оне, ки ин тарабхона сарироҳӣ буд ин ҷавон дар он ҳамчун тарҷумон кор карда тамоми сол сайёҳонро ҷалб менамояду соҳиби ҷойи кор мегардад.

Аз ин лиҳоз бояд таъкидҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва фанҳои дақиқро ба инобат гирифта ҳар як нафар ба омӯзиши забони хориҷие, ки ба ӯ писанд аст машғул шавад. Дар шароити имрӯза адабиёт ва луғатҳои бештари забонҳои хориҷӣ дар тамому дӯкон ва бозорҳо фурӯхта мешаванд, ки барои ҳар як хоҳишманд дастрас мебошад.

Аз ҷониби дигар дар барномаҳои шабакаҳои телевизионӣ, интернет омӯзиши забонҳои хориҷӣ пахш мегардад, ҳар як нафари хоҳиши омӯзиш дошта метавонад ҳамарӯз луғатеро омӯхта дар охири сол натиҷаи омӯзишашро мебинад.

Дониш ва илми худро танҳо худи мо сайқал медиҳему тамоми умр аз он манфиат мебарем.       

Мирзоев Сафаралӣ, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg