БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАДАФ: МАҚСАДНОК ИСТИФОДА БУРДАНИ ЗАМИН

ҶАЙҲУН. Бо мақсади пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун корҳои фаҳмондадиҳӣ бо усули “хона ба хона” истифода бурдани оқилона ва мақсадноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ дар ҷамоати шаҳраки Дӯстӣ маҳаллаи Ш. Шоҳин ба роҳ монда шуд.

Зимни баромад масъулин иброз доштанд, ки аз азал гузаштагони мо аз ҳисоби ҳамин як порча замин зиндагии хешро пеш мебурдаанд. Албатта, ин бесабаб нест. Аз нақлу ривоятҳои гузаштагон маълум аст, ки аксар сокинони деҳот аз замини наздиҳавлигии хеш ҳосили дилхоҳ гирифта, онро ба бозорҳои гирду атроф бурда мефурӯхтанд ё ин ки бо маҳсулоти дигари рӯзгор  иваз мекарданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи босамар истифода бурдани замини наздиҳавлигӣ ва аз ин ҳисоб бо маҳсулоти кишоварзӣ сарпур кардани бозори дохилӣ дастуру ҳидоятҳо медиҳанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg