ҚУБОДИЁН. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 дар ташкилоти ибтидоии “Исмоили Сомонӣ” чорабинии идона бахшида ба Рӯзи Пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон-шаҳри Душанбе миёни толибилмон шеъру сурудхонӣ доир гардид.
Дар ин чорабинии идона хонандагон бо як ҳисси ватандӯстиву худогоҳӣ дар васфи Ватан-Модар шеъру суруд зам-зама намуда, табъи тамошобинонро болида гардониданд.