ВОКУНИШ. Ватан ҷоест, ки мо дар он ба дунё омадаем, обу нони онро хӯрда бузург шудаем ва боду ҳавои ӯро нафас мекашем. Ҳамин Ватан аст, ки моро дар оғӯши худ гирифта тарбия кардааст, соҳибмаълумот намудааст ва ба ҳамаи мо имконияти озодона зиндагӣ кардан, фаъолият кардан ва баробарҳуқуқиро додааст. Ватан барои ҳар як шахс муқаддастарин ҷой ба ҳисоб меравад, зеро мо танҳо дар Ватани худ метавонем осудаҳолона зиндагӣ кунем. Дар кадом гӯшаи дунёе, ки бошем чашму дили мо ба сӯи Тоҷикистони азиз мебошад. Аммо ёфт мешаванд нафароне, ки обу нони ин Ватанро хӯрдаанд, дар ҳамин ҷо ба камол расидаву соҳибмаълумот гардидаанд, вале имрӯз бо супориши хоҷагони хориҷии худ аз дур истода, ба сӯи ин меҳан санг мепартоянд ва ҷавонони бетаҷрибаро гумроҳ месозанд.
Яке аз ин нафарони ношукр Иззат Амон мебошад, ки парвардаи дасти наҳзатиён буда, вале худро дар либоси ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон ҷилва медиҳад. Ба ҳамагон маълум аст, ки Иззат Амон яке аз аъзои гурӯҳи террористию экстремистии наҳзат буда, шахсони сӯстирода ва камсаводро ба доми фиреби худ андохта, ақидаҳои ғаразноки худро пеш мебурдааст. Иззат Амон намедонад, ки худ фирефтаи наҳзатиён гардида ба манфиати онҳо фаъолият менамояд ё агар донад ҳам дигар роҳи бозгашт надорад, чунки дар хориҷа касе ба касе муфт нон намедиҳад, дар ин сурат ё кор мекунӣ нон мехурӣ ё гуфтаҳои хоҷагони хориҷиатро иҷро менамоӣ. Дар ҳар давру замон хоинони давлату миллат ба мақсад нарасидаанд, онҳо бахшида ҳам намешаванд ва дар назди қонун ҷазои худро гирифтаанд. Имрӯз ҳам хоинони давлат бояд дар назди қонун ва миллат ҷавоб гӯянд.
Мо ҷавонон бояд дар фикри ободии Ватан бошем, пайрави корҳои созандагию бунёдкоронаи Пешвои миллат бошем. Ҳангоми дар хориҷа ё дар муҳоҷирати меҳнатӣ будан зиракию ҳушёриро аз даст надиҳем, то ки ба доми фиреби ана ҳамин гуна хоинон ва гурӯҳҳои ифротӣ дучор нашавем. Ҳангоми дар муҳоҷират будан танҳо дар фикри кору фаъолияти хеш, бо ёди падару модар, зану фарзанд ва Ватани азизи худ бошем.
Зоиров Саймухтор, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ