![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/7_17.jpg?itok=TElrz3MM)
ДӮСТӢ. Мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ Саидқурбон Юсупов дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 16 бо хонандагони синфҳои болоӣ ва ҷавонони шуҷоъ мулоқот доир намуд.
Дар рафти суҳбат мавсуф оид ба озмунҳои "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст", "Илм фурӯғи маърифат", "Тоҷикистон -Ватани азизи ман" ва озмунҳои ҳизбӣ, ки таҳти унвони "Мо бо шумоем" барои маъюбон пешбинӣ шудааст, инчунин маҳфилҳои қироати шеър аз ашъори Мирзо Турсунзода бахшида ба 110-солагии шоири бузург ва Қаҳрамони Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст ва ҳамзамон оид ба иншои беҳтарин дар мавзӯи «Арҷгузорӣ ба далериву қаҳрамониҳои фарзандони бонангу номуси миллат», ки бахшида ба ҷашни Ғалаба мебошад андешаронӣ карда, аз ҷавонон хоҳиш намуданд, ки дар ин озмунҳо фаъолона ширкат варзида, саҳми худро гузоранд.