БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОНИ БОҒАЙРАТ МУҚОБИЛИ ТЕРРОРИЗМ ВА ИФРОТГАРОӢ МУБОРИЗА ХОҲАНД БУРД!

ВОКУНИШ. Мушкилоте, ки чанд сол ҷомеаи муосирро фаро гирифтааст, зуҳуроти хатарнок ва номатлуби терроризму ифротгароӣ аст. Терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва  ҳар як сокини сайёраро таҳдид мекунад. Гурӯҳҳои алоҳидаи терроризм миёни мардум, зери шиорҳои бофтаву хаёли фиребандаи таълимоти “Динӣ” онҳоро бар зидди ҳукумату давлат ба амалҳои низоъпарастӣ,  ифротгароӣ ва террористӣ равона месозанд ва меҳоҳанд ба ин роҳ ба  мақсадҳои ғаразнок ва душманонаи  худ ноил шаванд. Тафаккури ифротӣ, гурӯҳҳои ифротгарои динӣ ва созмонҳои террористӣ дар миқёси ҷаҳон хатарҳои ҷиддӣ эҷод намуда, садди роҳи рушди  босуботи пайдоиш ва паҳн гардидани  ин гуна падидаҳои номатлуб сатҳи  пасти шароити зиндагӣ, бехабар будан аз маърифати ҳуқуқӣ ва худшиносии миллӣ, мебошад. Барои аз байн бурдани ин зуҳуроти номатлуб мо бояд ақидаҳои устувор ва  мантиқан пурзӯр, дониши мукаммал ва  ҷаҳонбинии васеъ дошта, садди роҳи ҳар гуна ҳаракатҳои тундгаро ва ифротӣ, махсусан дар заминаи ақидаҳои динӣ гардем. Инсон дорои ақлу заковати бузург буда, мебинад,  мешунавад, дарк мекунад ва бояд худро аз корҳои  баду номатлуб махсусан ҷавонон дар канор гиранд. Маҳз ҳамин канорагириҳо инсони комилро дар зиндагӣ соҳибмаърифат, бомаданият ва бузургдилӣ ҳидоят менамояд. Ба қадри неъмате чун истиқлолияту давлатдории миллӣ расем ва арзишҳои муқаддастарини  давлату давлатдориро дарк намуда, пос доштани онҳо ин ҳам қарз ва ҳам шарафу номуси ватандорӣ, ҳам  ифтихор аз давлату миллати хеш ва ҳам талош баҳри худшиносӣ,  маърифат ва фарҳанги волои миллӣ аст.

Мавриди зикр аст, ки  нақши фарҳанг, ташвиқоту тарғиботи таълиму  тарбияи насли наврас дар ҳамин раванд дар таҳкими эҳсосӣ ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таърихи ниёгон ва пешгирӣ аз низоъҳои иҷтимоӣ ниҳоят бузург аст. Беҳуда нест, ки қувваҳои  манфиатҷӯй дар оғози амалҳои ғаразноки худ аввал арзишҳои фарҳангиро  коҳиш дода, фалаҷ месозанд, баъдан таҳдид намуда, ба амалҳои зишт ва хавфноки худ даст мезананд ва мехоҳанд дар кишварамон ҷудоиандозӣ ва ба фирқаҳо тақсим намудани ҷомеа даст зананд.

Тавассути сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати бартараф намудан ва пешгирии ин зуҳуроти номатлуб чораҷӯиҳои фаврӣ андешида шуд. Муттаассифона, ба ин нигоҳ накарда, ҷавонони фиребхӯрдаву роҳгумзада, ба ваъдаҳои дурӯғ ва ҳиллагароёна бовар карда, аз паси даромади  калон ҷонӣ худро ба хатар мемонанд.

Аксарияти онҳо ба Ватан барнамегарданд ва ҳамчун иғвогару дассисабоз аз шабакаҳои интернетӣ овозаҳои бардурӯғ паҳн мекунанд. Вазифаи асосии мо аз омӯзгор  то намояндагони ба мартабаи дин, шоирону олимон аз он ибрат аст, ки  насли ҷавонро аз амалҳои номатлуб огоҳ намуда, корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тарғиботӣ барем. Баҳри иҷрои ин мақсад бояд ташаббускор буда, бетарафиро аз худ дур созем. Ҷавононро  ба рӯҳияи наҷибтарин хислатҳои инсонӣ, ба ҷойҳои фарҳангӣ, боғу сайргоҳҳо ҷалб намоем. Дар ин ҷабҳа нақши асосиро муассисаҳои  таҳсилоти умумӣ мебозад, чунки бисёр чизҳо бахусус илму дониш, ҷаҳонбинӣ, худшиносӣ ва дигар малакаҳо аз мизи  мактабӣ шурӯъ мегардад.  Дар дарсҳои омодагии  дифоъ, дарсҳои тарбиявӣ аз ватандӯстӣ ва ҳам аз чунин зуҳуроти номатлуби замон гуфта гузаштан бо лаҳзаҳои пандомез аз аҳамият холӣ набуда, дар навсозӣ ва  мустақилияту бедории фикрии ҷавонон кӯмаки маънавие хоҳад буд.

Метавон бо боварӣ  изҳор намуд, ки ҷавонони боғайрат, далер ва сулҳхоҳи тоҷик иродаи матин дошта, барои роҳ наёфтани терроризм ва ифротгароӣ ба марзу буми Ватани азизамон ҳам амалӣ ва ҳам маънавӣ мубориза хоҳанд бурд.

Воҳид  Дилафрӯз Сафарӣ, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg