ВАХШ. Дирӯз дар ташкилоти ибтидои ҳизбии «Маърифатчиён» бо иштироки раиси Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Одилҷон Маҳмадов вохӯрӣ доир гардид.
Дар рафти вохӯрӣ Одилҷон Мамадов қайд намуд, ки дар арафаи ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем ва моро месазад, ки дар ин ҷашни таърихӣ ҳисса гузор бошем.
Ҳамзамон, дар диораи баргузории озмунҳое, ки бахшида ба ин ҷашни таърихӣ аз тарафи Ҳукумати мамлакат таҳия гаштааст, аз ҷумла «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон- Ватани азизи ман», «Илм фурӯғи маърифат», «Душанбе хонаи умеди ҳамаи тоҷикони ҷаҳон» ва 110-солагии устод Мирзо Турсунзода дар байни хонандагону омӯзгорон корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монанд ва ба ин восита савияи дониши хонандагонро баланд бардоранд.