ФАРХОР. Дар асоси ҷадвали тасдиқшуда, вохӯрии навбатии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Назаров Алиҷон бо хонандагони синфҳои 10 ва 11-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и ҷамоати шаҳраки Фархор баргузор гардид.
Нахуст, Назаров Алиҷон оид ба сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушду инкишофи кишвар суханронӣ намуд.
Ҳамчунин, мавсуф роҷеъ ба мазмуну муҳтавои асосии суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар машварат бо аҳли ҷомеаи кишвар аз 12 майи соли 2018 ва вохӯриашон дар семинар-машварати кишоварзони вилояти Хатлон аз 2 июни соли ҷорӣ сухан ронданд.
Даъвати хонандагон ба худогоҳию худшиносӣ, ҳушёрии сиёсӣ, муқаддас донистани арзишҳои миллӣ, ҳурмати падару модар дӯст доштани Ватан нуктаҳои асосии давоми суханронии Назаров Алиҷон буданд.