БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДУШАНБЕ- КАЪБАИ УМЕДИ МО

БАЛҶУВОН. Бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон-шаҳри Душанбе  дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи “Сари Мазор” бо иштироки  кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон бо аъзоёни ҲХДТ ва аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” вохӯрию мулоқот баргузор гардид.

Зимни баргузории маҷлис  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон  Мирзозода Исуф қайд намуд, ки “Душанбе-пойтахти фарҳангии “Иттиҳод- 2021” эълон гардидааст. Аз ин рӯ ҳар як сокини кишвари азизамон- Тоҷикистон  ифтихор намояд, ки   пойтахташон мақоми волоеро соҳиб гардида, имрӯз мо, тоҷиконро бо мақому манзалат ва фарҳангу асолатамон мешиносанд ва эътироф мекунанд.

Ҳамчунин ҷиҳати  дар сатҳи шоиста  баргузор намудани 110- солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, шоири халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, устод Мирзо Турсунзода ибрози андеша карда шуда, қайд гардид, ки барои дар сатҳи баланд баргузор намудани ин рӯзи фархунда  омодагии ҳамаҷониба  дида,  тараннумгари ашъори пур аз меҳру муҳаббат ва дӯстонаи шоири ширинкалому сулҳҷӯёнаи тоҷикон устод  Мирзо Турсунзода  бошем ва осори пурғановаташро дар дилу дидаи наврасону ҷавонон ҷо кунем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg