«Мо бояд Ватани худро сидқан ва баробари ҷони хеш дӯст дорем, ватандӯсту меҳанпарасти воқеӣ бошем, шукронаи неъмати бузургтарин ва муқаддаси инсонӣ, яъне соҳибватанӣ ва озодиро ба ҷо орем».
Эмомалӣ Раҳмон
АНДЕША. Миллате, ки арзишҳои хоси худашро нигоҳ медораду арҷ мегузорад, метавон ӯро давлат номид. Яке аз арзишҳои давлатдорӣ ин доштани артиши боқувват мебошад, артиши боқувватро бошад, ҷавонони тарбиятдидаву боғайрат, бонангу номус, қавииродаву ҷасур, ононе ки қадри Ватан-Модарро мешиносанд, ташкил медиҳад.Чунин ҷавононро метавонад маҳз модар тарбия намояд.
Дили модарро шахсе эҳсос менамояд, ки худаш модар аст ва он эҳсосе, ки дар замири мо нисбат ба фарзанд аст, танҳо ва танҳо худаш дарк менамояд, ки гуфтанашаванда аст, гарчанде тамоми қишрҳои ҷомеа дар бораи бузургии модар гуфтаанду мегӯянд, вале то ҳол ба умқи дили ӯ нарасидаанд.
Аз ҳамин хотир модарро тавлидкунанда, яъне баъд аз Худованд офаридгор меноманд. Модар дар навбати аввал офаранда бошад, дар навбати дуюм тарбиятгар аст. Инсониятро дар ҳама синну сол тарбия мебояд.
Тарбияи фарзанд аз давраи туфулият аз ҷониби модар бахшида мешавад, бахусус модарон метавонанд дар дили писарон ватандӯстию меҳанпарастӣ, худогоҳию хештаншиносӣ, дӯст доштани якпорчагии хоки Ватанро эҳё созанд, то дар оянда ҷавонони баору номус ба воя расанд ва бошад, ки баҳри ҳимояи Ватани хеш камари ҳиммат банданд ва хоку оби меҳани худро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоянд.
Дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ ҷавонон даъватномаи комиссариати ҳарбиро хуш мепазируфтанд ва бо тӯю хурсандӣ берун аз кишвари худ ба хизмати ҳарбӣ рафта, марзу буми дигар давлатҳоро нигоҳубин мекарданд, ё худ ҳаққи ҷавонмардиро барои давлати бузурги Шӯравӣ адо мекарданд ва бо сари баланд ба Ватани худ бармегаштанд.
Худоро шукр, ки имрӯз мо дар як фазои сулҳу субот, тинҷиву амонӣ қарор дорем, вале мутаассифона, ҳастанд модароне, ки садди роҳи ба хизмати аскарӣ рафтани фарзандонашон мешаванд,
Ҷавононе, ки дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ хизмат намудаанд, ё ин ки хизмати аскариро адо кардаанд, онҳоро ҳамчун ҷавонони баркамол, мардони ҳақиқӣ номидан ба воқеият наздик аст, чунки хизмат ба Ватан ин хизмат ба Модар, посдории муқаддасоти миллӣ ва арзишҳои суннатии миллати кӯҳанбунёди мо- тоҷикон ба шумор меравад.
Ҷавоне, ки дар мактаби мардонагӣ обутоб ёфтааст, аллакай дӯстро аз душман, хубро аз бад фарқ карда, ба таҳаммулпазириву қавииродагӣ, ҷасурию хайрхоҳӣ ва бунёд намудани оилаи солим омодаасту меҳри Ватанро пайваста дар ниҳодаш мепарварад.
Ин аст оини ҷавонмардӣ! Бинобар ин шароити ҳассоси ҷомеаи ҷаҳонӣ моро водор месозад, ки дар ҳифзи марзҳои давлатӣ ва ҳимояи он аз хатарҳои муосири ҷомеаи имрӯза, аз қабили терроризму экстремизм ҳамагон масъул бошем.
Зеро Ватани моро ба ҷузъ аз фарзандони баору номус ва сарсупурдаи ин марзу бум каси дигар ҳимоя намекунад.
Боқӣ дар ҷодаи давлатдорӣ ва ҳифозати давлату миллат ба тамоми ҷавонону ҷавонмардони ин сарзамин барору комёбӣ мехоҳам.
Муҳаммаддовуд Ҳалимзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ