БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сокинон аз суханрониҳои Пешвои миллат дар семинар машварати кишоварзони вилояти Хатлон таассуроти нек бардоштанд

ТЕМУРМАЛИК. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо шумули намояндагони мақомотҳои қудратӣ, ходимони дин ва дигар сохторҳои ҳокимияти маҳаллӣ ҷиҳати ташвиқу тарғиби суханронии Пешвои миллат дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар гурӯҳҳои таблиғотӣ ташкил карда шудааст.

Дар доираи ҳамин накша-чорабинӣ дар ҷамоати деҳоти ба номи Лақай Қармишев вохӯрии гурӯҳи  корӣ бо қишрҳои гуногуни аҳолӣ доир гашт.

Вохӯриро роҳбари гурӯҳи корӣ раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид ҳусни ифтитоҳ бахшида, таасуротҳояшро аз ин вохурӣ баён намуд.

Дар ҷамъомад ҳамчунин имомхатиби масҷиди ҷомеи ноҳияи Темурмалик Доробов Абдулвадуд ҳамчун иштирокчии бевоситаи ин мулоқот ва сардори шуъбаи амнияти ноҳия Бедилов Ҳасан дар назди ҳозирин баромад карда, маълумотҳои муффасал доданд.

Дар вохӯрӣ, ки зиёда аз 200 нафар сокинони ҷамоати деҳоти номбурда  иштирок доштанд, аз ин вохӯрӣ таассуроти нек бардоштанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg