ВОКУНИШ. Хатари терроризму экстремизм ва мубориза алайҳи он ҳамоно аз мавзӯъҳои пурбаҳс дар ҷомеа аст. Дар иртибот ба он таҳлилгарон аз равзанаҳои гуногун нигариста, то ҳол дар шинохти онҳо хулосаи амиқ ҳосил нашудааст. Чунончи, дар бисёр маврид терроризму экстремизмро ҳамчун василаи муборизаву қассоси пайравони як дину эътиқод алайҳи тамаддуни дигар медонан, яке аз маъмултарин шаклҳои он ифротгароии динӣ буда, ҳолатест, ки инсон дар фаҳмиши меъёрҳои дин ва дар амал кардан ба таълимоти динӣ сахтгирии беш аз ҳад намуда, дар ин кор аз ҳадду андозаи эътидол мегузарад. Шахси ифротӣ маъмулан аз таълимоти асилу муътадили динӣ дур монда, динро ба таври бисёр рӯякӣ, маҳдуд ва танг фаҳмида, ба ҳамин фаҳмиши худ амал карда, аз дигарон низ чунин тарзи амалро интизор ва тақозо менамояд. Ифротгароии динӣ як тарзи фаҳмиш ва навъи тафаккур дар дохили худи инсон аст, аммо агар ин навъи тафаккур ба марҳилаи паҳншавӣ ва амал гузарад, он ба радикализм ё тундравии динӣ табдил меёбад. Пас, радикализми динӣ марҳилаи ошкоршуда, фаъолшуда ва амалишавандаи ифротгароии динист. Он ифротгароиест, ки аллакай аз сатҳи тафаккур баромада, ба сатҳи таблиғот ва амалҳои тунд мегузарад. Дар ин марҳила шахси ифротгарои динӣ тарзи зиндагии дигаронро ошкоро танқид карда, нисбат ба онҳо дар амал оштинопазирӣ нишон медиҳад ва ҳамфикрони худро ба муборизаи амали алайҳи фаҳмиш ва тарзи зиндагии дигарон даъват мекунад. Ин ҳолат аллакай шакли радикалишудаи ифротгароии динӣ мебошад. Аз сабаби он ки тарзи фаҳмиш ва арзишҳои ифротгароён барои аъзои дигари ҷомеа қобили қабул нестанд, онҳо барои расидан ба ҳадафҳои худ аз зӯроварию хушунат истифода мекунанд. Кӯшиш менамоянд, ки ҷомеа ва давлатро тарсонда, бо роҳи зӯрӣ инсонҳоро ба худ тобеъ карда, мақсадҳои худро ба ҷомеа таҳмил намоянд. Ҳамин тавр, ифротгароии динӣ аз марҳилаи радикализми динӣ ба марҳилаи сеюми худ, яъне ба марҳилаи терроризм мегузарад.
Ҳамин тавр, ифротгароии динӣ, тундравии динӣ, даҳшатафкании динӣ, марҳилаҳои пайдарҳами инкишоф ва ташаккули гурӯҳҳои ифротгароии динии муосир мебошанд. Бешубҳа, аҳамияти мубориза бо экстремизму радикализм аз аҳамияти мубориза бо худи терроризм камтар нест, зеро экстремизму радикализм заминаи асосӣ ва марҳилаҳои ибтидоии терроризм буда, оқибат ба терроризм мерасонанд. Яъне, терроризм марҳилаи олӣ ва охирини ифротгароӣ ё шакли амалишудаи экстремизму радикализм мебошад. Ин аст, ки ҳангоми муносибат бо ин зуҳурот бояд дар назар дошт, ки онҳо бо ҳам пайванди амиқ дошта, бавуҷудоварандаи ҳамдигар мебошанд. Мутаассифона, хушунати экстремизм ва терроризм сол ба сол вусъат ёфта, барои инсоният, ҳуқуқу озодиҳои ӯ, амнияти миллӣ ва зиндагии осудаи мардум хатари ҷиддӣ эҷод кардааст. Тоҷикистон, ки аз нигоҳи мавқеи ҷуғрофӣ ва геосиёсии худ дар чорсӯи бархӯрди манфиатҳои кишварҳои абарқудрат ва низомҳои оштинопазири сиёсию идеологӣ қарор дорад, аз оқибатҳои номатлуби муқовиматҳои ошкору ниҳонии терроризми байналмилалӣ ва ифротгароии динӣ дар канор буда наметавонад. Аз ин лиҳоз, ба вуҷуд овардани фазои оштинопазири аҳли ҷомеа нисбат ба ин хатарҳо ва афзун намудани фаъолияти мақомоту сохторҳои муваззаф дар самти пешгирии заминаҳои ба терроризму ифротгароии динӣ мусоидаткунанда мувофиқи мақсад дониста мешавад.
Расулов Ғолиб, мудири бахши кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон