БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Солимии миллат аз насли ояндасоз вобастагӣ дорад

ПАНҶ. Дар радифи баргузории  чорабиниҳо бахшида Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ таҳти шиори «Пешвои миллат-ҳомӣ ва раҳнамои ҷавонон» бо ташаббуси бахши ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ва намояндагии  ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар майдончаи  варзишии муассисаи таълимии №2-и ноҳия  байни муҳассилини синфҳои болоӣ мусобиқаи варзишии футболи хурд баргузор гардид.

Дар ин мусобиқаҳо 11 дастаи варзишӣ байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.

Дар оғози мусобиқа роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» Холов Диловар ба сухан баромада,  ба  иштирокчиёни мусобиқа  муваффақиятҳо орзу намуд.

Аз ҷониби доварон дастаҳои ғолиб муайян гардида, бо Ифтихорнома  ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ сарфароз гардонида шуданд.

Мақсад аз баргузории чунин чорабиниҳои фарҳангиву варзишӣ барои тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва мустаҳкам намудани дӯстии байни  ҷавонону наврасон   ва муайян кардани беҳтаринҳо  мебошад.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg