БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҶЛИСИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР ШАҲРИ БОХТАР ДОИР ШУД

БОХТАР. Дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар доир гардид.

Дар кори маҷлис раиси шаҳри Бохтар Саломзода Сиҷоуддин, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Иброҳимзода Неъматулло, аъзои Кумитаи иҷроия, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, фаъолони ҳизб, аъзои намояндагии  ТҶҶ “Созандагони Ватан”, намояндагони воситаҳои ахбори омма, собиқадорони ҳизб ва дигар шахсони даъватшуда иштирок доштанд. Рӯзномаи маҷлис аз масъалаҳои даъвати Конференсияи ғайринавбатии ҲХДТ дар шаҳри Бохтар, тасдиқи ҷадвали тасдиқи баргузории маҷлисҳо дар ташкилотҳои ибтидоӣ, Низомномаи Шӯрои собиқадорони ҲХДТ дар шаҳри Бохтар, тасдиқи қарорҳои ташкилотҳои ибтидоӣ иборат буд.

Маҷлисро  Иброҳимзода Неъматулло ифтитоҳ бахшида,  иброз дошт, ки дар асоси қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бохтар ваколати се вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бохтар пеш аз муҳлат қатъ карда шудааст. Аз ин рӯ моро лозим аст, ки бо мақсади пешбарӣ намудани номзадҳои ҲХДТ ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бохтар конференсияи ғайринавбатии аъзои ҲХДТ дар шаҳрро даъват намоем. Пешниҳод карда шуд, ки Конференсияи ғайринавбатии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар 23 апрели соли 2021 дар шаҳри Бохтар даъват карда шавад.

Сипас, узви Кумитаи иҷроияи вилоятӣ  ва шаҳрии ҲХДТ,  раиси шаҳри Бохтар Саломзода Сиҷоуддин ба сухан баромада, фикру андешаҳои худро доир ба масъалаҳои муҳокимагардида баён дошт. Мавсуф афзуд, ки имрӯз аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  будан  барои ҳар як шаҳрванди кишвар ҳар шараф ва ҳам масъулияти баланд дорад. Зеро дастовардҳои замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба номи Раиси муаззами ҲХДТ  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастагии қавӣ дорад. Аз ин рӯ, аз аъзои ҳар ҳизб масъулияти баланди садоқат ва Ватан ва меҳан талаб карда мешавад.

Зимни суханронии худ Саломзода Сиҷоуддин доир ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳатарм Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои давлату ҳукумат, сазовор пешвоз гирифтани 30- солагии Истиқлоли давлатӣ, саҳмгузорӣ намудан дар ободониву хуррамгардонии маҳал, пешбарии шахсони арзанда ба вакилӣ ва ғайра ибрози андеша кард.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg