БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОМОДАГИИ НАВРАСОН БА ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ

Ҷ.БАЛХӢ. Бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вобаста ба озмунҳои ҷумҳуриявии “Илм- фурӯғи маърифат”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  №62 бо омӯзгорон ва наврасон вохӯрӣ баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ мудири шуъбаи таблиғот ва итилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Алиев Зафар иброз дошт, ки озмунҳои ҷумҳуриявии “Илм - фурӯғи маърифат”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Тоҷикистон - Ватани азизи ман” беҳтарин фурсат барои баланд бардоштани савияи дониши наврасону ҷавонон аст. Вобаста ба ин омӯзгорони моро зарур аст, ки барои ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба илму техника ва китобу китобхонӣ ҳарчӣ бештар кӯшиш намуда, дар самти омодасозии наврасону ҷавонон барои иштирок дар озмунҳои номбурда саҳми босазои худро гузоранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg