![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/20210415_114350.jpg?itok=Koqlubu3)
ШАМСИДДИН ШОҲИН. Рӯзи 15-уми апрели соли ҷорӣ тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқгардида кормандони масъули комиҷроияи ноҳиявии ҳизб бо хонандагони синфҳои болоии муассисаи таълимии №3-и ноҳия атрофи масъалаҳои мубрами рӯз, аз қабили терроризм, экстремизм, истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ, тайёрӣ ба озмунҳои фаннии мактабӣ бахшида ба 30-солагии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маркази миллии тестӣ, риояи қонунҳои амаликунандаи миллӣ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ» суҳбату вохӯрӣ анҷом доданд.