БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМИ ПЕШВО ҲУҶҶАТИ ТАҚДИРСОЗ ВА РАҲНАМОСТ

БАЛҶУВОН.Бо мақсади расонидани муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу вҳдати миллӣ,Пешвои миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба саҳми сокинони ноҳия пайваста аз тарафи  гурӯҳи кории назди Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувон суҳбату вохӯриҳои судманд баргузор гардонида мешавад.

Вохӯрии навбати дар муассисаи таълимии №44-и деҳаи Дашти Майдони Ҷамоати деҳоти Балҷувон  миёни омӯзгорони муассиса  доир гардонида шуд.

Дар вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон Мирзозода Исуф иштирок намуда, қайд кард. ки пеш аз ҳама дар ин ҳуҷҷати тақдирсоз Пешвои миллат ҳамаи он рўйдоду навгониҳои соли 2020 ва 7 соли охирро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода. диққати аҳли ҷомеаро ба идомаи мантиқии онҳо ҷалб намуда. баён доштанд, ки тули ин солҳо бо заҳмати шоёни мардуми сарбаланди тоҷик кишвари азизамон Тоҷикистон ба комёбиҳои назарасе дар тамоми соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ гардид.

Ҳамчунин дар Паём махсусан диққати зарури ба соҳаи илм ва маориф ва баланд бардоштани саводнокии насли ҷавону наврас нигаронида шуд. Сарвари давлат қайд намуданд,ки "Мо барои беҳтар кардани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бояд тамоми шароити заруриро муҳаё карда, дар ин раванд масъулияти падару модар, аҳли ҷомеа ва омӯзгоронро боз ҳам баланд бардорем. " дар ин радиф ҳамчунин дар Паём дар заминаи "Солҳои омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи илму маориф" зикр гардид, ки "Илова бар ин, зарур мешуморам, ки ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону ҷавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон ҳамасола озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони "Илм-фуруғи маърифат" гузаронида шавад.

Аз ин рӯ, Шумо аҳли маорифчиёни ноҳияро зарур аст, ки баҳри амалии дастуру супоришҳо сарвари давлат дар ин замина нақши муасири хешро гузоред. То дар оянда насли ояндадору ояндасозсро тарбия намоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg