БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Хар як ваҷаб замини зархези Тоҷикистон манбаи дароиад ва ҷойи корист!

НОРАК. Тибқи нақшаи тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Норак оид ба дастуру ҳидоятҳое, ки аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеаи кишвар ва иштирок дар семинар-машварати кишоварзони вилояти Хатлон бармеояд, дар ташкилоти ибтидоии “Роҳбалад” вохӯрӣ доир карда шуд.

Зимни вохӯрӣ кормандони масъули Кумитаи иҷрояи шаҳрии ҳизб ва аъзои ситодҳои доимоамалкунандаи таблиғотии ҳизбӣ дар бораи фазилатҳои моҳи шарифи Рамазон, оид ба пешгирии исрофкорӣ, омилҳои сироятшавии ҷавонон ба бемории ВНМО, пешгирии гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, ҳифз намудани фарҳанги миллӣ,тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстию меҳанпарастӣ, самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замин, аз ҷумла ба роҳ мондани кишти такрории зироатҳо, истеҳсол ва содироти маҳсулоти фаровони кишоварзӣ, ба таври кофӣ захира кардани хӯроки чорво барои аз зимистон солим баровардани чорво ва ҳифзи амнияти озуқавории кишвар суханронӣ намуданд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg