ШАҲРИТУС. Санаи 14 апрели соли 2021 дар толори қасри фарҳанги ноҳия «Маҷлиси ҷамъбастии семоҳаи якуми соли 2021-и ноҳияи Шаҳритус» бо иштироки садори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон Мусозода Шодӣ, раиси ноҳияи Шаҳритус Ҷаббори Ғаффор, масъули КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, собиқадорони ҳизб, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, директорони муассисаҳои таълимӣ, раисони маҳаллаҳо, имомхатибони масҷидҳои панҷвақта, ҷавонону фаъолон, намояндагони васоити омма ва дигар шахсиятҳои расмӣ бо риояи фосилаи иҷтимоӣ ва ққоидаҳои беҳдоштию санитарӣ маҷлиси ҷамъбастӣ дар сатҳи баланд баргузор гашт.